Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Назар ба хабари Комиссияи марказии интихоботӣ Ҷумҳурии Либерия, хонум Элен Ҷонсон-Серлиф, ки соли 2011 ҷоизи мукофоти Нобелии сулҳ гардид, дар даври дуюми интихоботи президенти кишварa, беш аз 90фоизи овозҳоро ба даст овард. Уинстон Табмени мухолиф ва ҷонибдорони ӯ интихоботро таҳрим карданд. ********Низомиёни Мексика яке аз машҳуртарин қочоқчиёни маводи нашъаовар Овидио Лемона Санчесро дастгир намуданд. Фаъолияти асосии Санчес иборат аз интиқол додани хокаи кокаин аз қаламрави Мексика ба Калифорния буд. **********Суди ҳарбии Амрико сержант Келвин Гиббсро барои куштани се нафар сокинони осоиштаи вилояти Қандаҳори Афғонистон айбдор намуд. Акнун Келвин Гиббсро ҳабси якумра таҳдид мекунад.**********Бар асари оташфишонӣ дар корхонаи ҳавопаймосозии шаҳри Куновитсаи Чехия се нафар ҳалок гардида ва шаш нафари дигар захм бардоштааст. Марде, ки номаш ҳанӯз ифшо намешавад, дар яке аз биноҳои корхона оташфишонӣ намуда ва сипас худкушӣ кардааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






