Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Прокуратураи Федератсияи Русия ба шӯъбаи русиягии Интерпол супориш дод, ки ба ҷустуҷӯи байналмилалии собиқ президенти Бонки Маскав Андрей Бородин ва собиқ муовини ӯ Дмитрий Акулинин машғул шавад. То имрӯз дар куҷо будани ин ду нафар, ки баҳори соли 2011 тарки Русия намуда буданд, маълум нест. Дар Русия онҳоро ба қаллобӣ айбдор намудаанд.хххВазири корҳои дохилии Миср Мансур ал — Исавӣ пешниҳод намуд, ки даври аввали интихоботи умумихалқӣ, ки ба 28 ноябр тайин шуда буд, ба вақти дигар гузаронида шавад. Қаблан шахсони расмии Миср борҳо гуфта буданд, ки сарфи назар аз бетартибиҳои оммавӣ дар кишвар рӯзи интихобот ба вақти дигар гузаронида нахоҳад шуд.хххБевақтии шаби 23 ноябр 7 вохӯрии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонон баргузор шуд. Дастаи «Барселона» дар меҳмонӣ бар дастаи «Милан» бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба кард. Дастаи «Шахтёр» дар шаҳри Донетск бозиро бо ҳисоби сифр бар ду бохт. Дар ин даври мусобиқа ҳамчунин дастаҳои «Виктория», «Валенсия», «Арсенал» ва «Олимпиакос» бар ҳарифони худ пирӯз шуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






