Хабарҳо аз хориҷи кишвар

Ноябрь 25, 2011 11:34

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар» ). – Бар асари задухӯрдҳо дар Сурия беш аз 50 кас, аз ҷумла 13 нафар сокинони осоишта ҳалок гардидаанд. Намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия аз моҳи март инҷониб идома доранд. Лигаи давлатҳои араб ба вазъияти кишвар дахолат намуда, аз президенти он Башор Асад талаб кардааст, ки ба хунрезӣ хотима бахшад.хххҲукуматдорони Британияи Кабир собиқ роҳбарони бонки Снорас — и Литва — шаҳрванди Федератсияи Русия Владимир Антонов ва Раймондас Бранаускаси литвониро дастгир намуданд. Прокуратураи генералии Литва қаблан эълон намуда буд, ки ин ду нафар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд. хххБар асари амалиёти террористӣ дар шаҳри Басраи Ироқ 11 кас ҳалок гардида, беш аз 40 нафар захм бардоштааст. Дар бозори ин шаҳр дар як вақт се таркиш рух дод. Бисёр кормандони пулис ва сарбозон аз ҷумлаи ҳалокшудагону осебдидагон мебошанд.

Ноябрь 25, 2011 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд