Хабарҳо аз хориҷи кишвар»

Ноябрь 29, 2011 15:44

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Бино ба хабари рӯзномаи «Ню –Йорк Таймс» — и чопи Амрико 22 ноябр духтари Иосиф Сталин Светлана Аллилуева (Лана Питерс) дар ИМА дар синни 85 – солагиаш вафот кард. Намояндаи ҳокимияти маҳаллии музофоти Лисконсини Амрико хабар дод, ки Светлана Питерс (Аллилуева) аз бемории саратони рӯда вафот кард.Светлана Аллилуева (Лана Питерс) 28 феврали соли 1926 ба дунё омада буд. Вай баъди таваллуд насаби падарашро ба худ гирифта, вале баъди вафоти Иосиф Сталин соли 1953 насаби модараш Аллилуеваро касб намуд. Ӯ соли 1970 баъди ба ИМА рафта ва дар ин кишвар шавҳар карданаш бо номи Лана Питерс зиндагӣ мекард.хххҲукуматдорони мулкҳои федералии Олмон ба сӯзонидани доруҳои вақти истифодаашон гузаштаи зидди «зукоми хук» шурӯъ намуданд. Соли 2009 онҳо 34 миллион бастаи ин доруҳоро харида, вале фақат 5 миллиону 3 ҳазор бастаи онро истифода намуда буданд. Доруи боқимонда баробари 239 миллион евро қариб 2 сол дар анборҳо нигаҳ дошта мешуд. хххПулиси Ҷопон дар дафтарҳои ширкати «Интертес» — и Ҷопон шахсони гумонбурдаро ба фурӯши ғайриқонунии 500 воҳиди таҷҳизот барои истеҳсоли нимноқилҳо дар Чин кофтуков гузаронид. Ба гумони идораи тафтишот, технологияҳои Ҷопонро дар Чин ба мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурданианд.хххДар шаҳри Калинингради Федератсияи Русия кафшергареро дастгир намуданд, ки ба кӯшиши тарконидани масҷид гумон бурда мешавад. Ин марди 20 – сола иқрор шуд, ки бинбар ҳисси бадбинию душманиаш нисбат ба мазҳабҳои дигар зарфи дорои 50 литр пропан ва зарфи дорои 25 литр оксигенро таркониданӣ буд. Нисбат ба кафшерчӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Ноябрь 29, 2011 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд