Хабарҳо аз хориҷи кишвар

Ноябрь 9, 2011 14:19

Дар маърӯзаи расмии МАГАТЭ перомуни вазъи энергетикаи ҳастаии Эрон гуфта мешавад, ки ин кишвар аз соли 2003 инҷониб корҳоро барои сохтани аслиҳаи ҳастаӣ  анҷом медод ва ҳоло ҳам чунин тадқиқотро давом медиҳад. Теҳрони расмӣ маърӯзаи МАГАТЭ-ро амали бардуруғ қаламдод карда ва хотирнишон сохт, ки ҳадаф аз он ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ аст. **********Сарвазири Итолиё Силвио Берлускони баъди нақшаи ислоҳоти иқтисодиро тасдиқ намудани парлумон истеъфо доданист. Овоздиҳӣ аз рӯи ин масъала бояд то охири моҳ сурат гирад. Қаблан маълум гардид, ки ҷонибдорони Берлускони аз пуштибонии аксарияти мутлақи вакилони палатаи поёнӣ маҳрум шудаанд. *********Бо хоҳиши сарвазир Георгис Папандреу ҳамаи вазирони ҳукумати Юнон аризаи истеъфоро имзо намудаанд. Сарвазир ба вазирони худ барои кори анҷомдодаашон изҳори ташаккур намуда, ваъда дод, ки ҳукумати нави эътилофӣ дар ояндаи наздиктарин ташкил карда мешавад.********Президенти Олмон Кристиан Вулф дар нишасти матбуотӣ бо иштироки Президенти Русия Дмитрий Медведов изҳор дошт, ки имконияти бекор намудани раводидҳои миёни ду кишварро дар вақтҳои наздиктарин намебинад. Сарвари Русия ҳамзамон ба Президенти Олмон итминон доданӣ мешуд, ки раводидҳо ба рушди муносиботи дуҷониба халал мерасонанд. ********

Ноябрь 9, 2011 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад