Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ беҳтар шуд

Ноябрь 2, 2011 13:25

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми хизмати пулакӣ  ба аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматгузор  4 млрд. 917,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 13,4 фоиз зиёд аст.Корхонаю ташкилотҳои расман ба қайд гирифташуда ба маблағи 2 млрд. 483,4 млн. сомонӣ ба аҳолӣ хизмат расонидаанд, ки ин 50,5 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, шаҳри Душанбе аз ҷиҳати хизматрасонӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ афзалият дошта, назар ба нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳурӣ    4 баробар зиёд ба аҳолӣ хизмати пулакӣ расонидааст. Аз ҷумлаи  корхонаҳои расман ба қайд гирифташуда ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ аз тарафи Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба туризм ва экскурсияи «Тоҷиктуризм»  аз ҳама кам —  34,7  млн. сомонӣ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ -91,5, Ширкати давлатии саҳҳомии холдинги «Барқи тоҷик» — 92,4, Ҷамъияти саҳҳомии «Кафолат» ба андозаи 94,2 млн. сомонӣ ба аҳолӣ хизмат расонидаанд, ки ин мутаносибан ба 0,1,- 0,3 ва 0,2 фоизи хизматрасонӣ   ба аҳолиро ташкил медиҳад.

Ноябрь 2, 2011 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад