Иқдоми хайрия дар арафаи идҳо

Ноябрь 3, 2011 11:03

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Кӯмаку дастгирӣ ва хайру хатнасурҳо дар арафаи идҳои давлатию мазҳабии кишвар аз ҷониби ашхоси саховатпеша ва корхонаву ташкилотҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Маҳз ҳамин иқдом дар боло рафтани сатҳи иҷтимоии табақаҳои ба кӯмак ниёзманди  ҷомеа такони ҷиддӣ гардид.Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» иттилоъ доданд,  ки онҳо ба тарбиягирандагони мактаб- интернати №1 ноҳияи Рӯдакӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Сарқонуни ҶТ ва  Иди Қурбон дар ҳаҷми 5 ҳазору 722 сомонӣ маводи хӯрокӣ расониданд.Ҳамзамон  дар ин рӯз ба як идда хонандагон дафтарчаҳои амонатӣ дода шуда, ба суратҳисоби онҳо  аз 500 то 1000 сомонӣ гузаронида шуд. Ба сурати умум ба миқдори 30 ҳазору 500 сомонӣ кӯмакпӯлӣ ба дафатарчаҳои хонандагони мактаби мазкур пардохт карда шуд, ки он то ба балоғат расидани онҳо маҳфуз мемонад. Қайд кардан зарур аст, ки маблағҳо дар суратҳисобҳои пасандозии кӯдаконаи Амонатбонк бо 21 фоизи солона нигоҳ дош та шуда, ин фоизҳо ба маблағи асосӣ зам мешаванд. Бисёриҳо ба он ақидаанд, кииқдоми мазкур саривақтӣ ва муҳим буда, дар рӯзҳои ба ҳаёти мустақилона қадам мондани кӯдакон амали савоб хоҳад буд.

Ноябрь 3, 2011 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд