Иқдоми нави Ҳукумат дар мавриди соҳибкорони ватанӣ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз дар ҷараёни маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва ба кодексҳои андозу гумрук ворид шуданд. Мутобиқи тағйироте, ки ба кодексҳои андозу гумрук ворид гаштааст, воридоти техникаю таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, ки ба тариқи лизинг ё худ қарзи молиявӣ ҷалб карда мешаванд аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мегардад. Ин тадбири навбатии Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ буда, ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои навсозии воситаҳои истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва тақвият додани қудрати содиротии кишвар равона гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






