Иҷозат барои фурӯши маводи психотропӣ
Душанбе, 11 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловрзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон Маҳмадҷон Қараев, танҳо дар минтақаи Қурғонтеппа 246 дорухона фаъолият дорад. Кормандони шӯъбаи давлатии фаъолияти фармасевтӣ аз аввали сол то имрӯз даҳҳо нуқтаҳои доруфурӯшии шаҳрҳои Қурғонтеппаю Сарбанд, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Қубодиён, Қумсангир, Панҷ, Хуросон ва ноҳияи Ёвонро мавриди санҷиш қарор дода, фаъолияти ғайриқонунии 25 нафар соҳибкори фаъолияти доруфурӯшидоштаро ошкор ва ҷарима намуданд.Ба иттилои манбаъ, дар минтақа баробари дорухонаҳо се ҷамъият: ҶДММ «Сомонфарм», «Сафарфарма» ва «ал-Савоб» фаъолият намуда ва маводи доруворро асосан аз ФР, Украина ва Ҳиндустон ворид мекунанд.Боиси тазаккур аст, ки дар ин минтақа дорухонаҳое амал мекунанд, ки барои вуруду фурӯши маводи психотропӣ, унсурҳои он ва доруҳои дар таркибашон моддаҳои нашъаовардошта иҷозатномаи Вазорати тандурустиро доранд,. Аз ҷумла, дорухонаҳои КВД «Хатлонфарматсия» ва ҶСШК «Доруи тоҷик» дорои чунин иҷозатномаанд. Бо гирифтани иҷозатномаи вазорати мазкур дигар ҷамъиятҳои хусусӣ низ метавонанд дар ин самт фаъолият дошта бошанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






