Ихтирои 36 навъи сабзавот ва дарахтони мевадиҳанда
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ Давлатҷон Комилзода, олимони Пажӯхишгоҳи боғутокпарварӣ ва сабзавоткорӣ корҳои илмию таҳқиқотиро оид ба рӯёнидани тухмиҳои беҷурми картошка ба роҳ монданд. Дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Тавилдара, инчунин ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ва дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон тавассути ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба афзоиши истеҳсоли тухмии картошка дар зарфи 20 соли истиқлолияти ҶТ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Бо саъю кӯшиши олимон се навъи тухмии картошка, аз қабили «Каримӣ», «Шукрона» ва «Овчӣ» ба вуҷуд оварда шуд, ки солҳои охир қариб дар ҳамаи хоҷагиҳои картошкапарвар онҳоро кишт намуданд. Олимони пажӯҳишгоҳи мазкур дар давоми 20 сол беш аз 36 навъи нави сабзавот ва дарахтони мевадиҳандаи серҳосилро ба вуҷуд оварда, митақабоб карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






