Имзои созишномаи ҳамкорӣ
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи IX Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, Созишномаи ҳамкории байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати шаҳри Маскав ба имзо расид.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҳуҷҷатро раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Маскав Леонид Говоров, ҳамчунин президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Маскав Сергей Скороваров имзо намуданд. Дар хотимаи маҷлиси умумӣ роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ИДМ қарори ҷаласаи IX Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои аъзои ИДМ-ро, ба имзо расониданд.Қобили зикр аст, ки дар ин маҷлис Шариф Саид раиси Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати ИДМ интихоб гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






