Интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад
Душанбе, 1 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз соати 22.00 –и 1 ноябр то соати 24.00 -и 2 ноябр интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обрасонии фишорӣ ба маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии№3, Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Сино, инчунин, кӯчаҳои Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С. Ғанӣ), М. Турсунзода, Шевченко, Шероз, Рӯдакӣ, Шотемур, Ф. Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Л. Толстой, Парвин, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ карда мешавад.Аз Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади омода намудани истгоҳи фишорӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 бар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе андешида шудааст.Аз тамоми сокинони маҳаллаю кӯчаҳои мазкур хоҳиш карда мешавад, ки оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






