Истеҳсоли семент 23 ҳазор тонна афзуд

Ноябрь 4, 2011 14:53

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутифя Эшонкулова).-Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 6 корхонаи сементистеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 264, 4 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки баробари 109, 8%  буда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 23, 8 ҳазор тонна зиёд мебошад.Аз ин миқдор 231 ҳазор тонна ба ҶСК «Тоҷиксемент»-и шаҳри Душанбе, 19, 7 ҳазор тонна ба ҶСП «Заводи сементи Самадов»-и шаҳри Исфара рост меояд. Хамаи корхонаҳои тавлидкунандаи семент ҳаҷми истеҳсоли масолеҳро назар ба 10 моҳи соли 2010-ум (аз 107 % то 2,2 баробар) зиёд кардаанд.Соли 2012 ду корхонаи нави сементбарорӣ – ҶММ «Тоҷикистон» дар ноҳияи Варзоб ва ҶММ «Суғд семент» дар ноҳияи Масчоҳ ба фаъолият оғоз  мекунанд, ки ин боиси боз ҳам зиёд гардидани миқдори семент ва бештар таъмин гардидани ҷумҳурӣ бо масолеҳи хушсифати ватанӣ мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ноябрь 4, 2011 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад