Истеъдоди «Ганҷҳои нуҳуфта» қалбҳоро тасхир сохт

Ноябрь 4, 2011 17:29

Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ганҷи нуҳуфта» -нахустин фестивали ҳаваскорони имконияташон маҳдуд имрӯз дар «Кохи ваҳдат»-и Душанбе бо барномаи ҷолиби консертӣ ҷамъбаст гардид.Ин чорабинии фарҳангӣ бо иқдоми Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ  ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бори аввал дар миқёси Осиёи Марказӣ созмон дода шуд, ки ҳадафаш ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани ҳунармандони имконияташон маҳдуд ва ҳамчунин таҳкими муносибат ва равобит миёни маъюбон мебошад.Руқия Қурбонова, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар маросими даври ниҳоии  фестивал зикр намуд, ки  маъюбон яке аз табақаҳои осебпазири ҷомеа ба шумор  мераванд, аз ин рӯ новобаста ба мушкилоти ҷойдошта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии онҳо ба ин табақаи аҳолӣ ғамхории бештар зоҳир менамояд.Бояд зикр кард, ки дар даври минтақавии  фестивал, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат гирифт, беш аз 1000 нафар маъюбе, ки дорои ҳунари овозхонӣ, раққосӣ, латифагӯӣ ва дигар истеъдоди худододианд, иштирок намуданд.Дар барномаи консертии даври ниҳоии фестивал 70 нафар,   ки аз даврҳои минтақавӣ гулчин гардида буданд, бо дастагули ҷолиби консертӣ хотири  тамошобинонро болида гардониданд.     

Ноябрь 4, 2011 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд