Иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик дар Беларус
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). – 27 ноябр дар чаҳорчӯбаи тадбирҳо ба ифтихори 20 — солагии Истиқлолияити давлатии Тоҷикистон дар Сафорати ҶТ дар Ҷумҳурии Беларус мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус Қ.Қоимдодов бо донишҷӯёни фаъоли тоҷик, ки дар донишкадаҳои олии ин кишвар таҳсил менамоянд, баргузор гардид.Сафир дар ҷараёни мулоқот аҳамияти таърихии истиқлолият ва иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ барои халқи тоҷик ва мақоми сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар амри муттаҳитдсозии миллат ва барқароршавии давлатдориро таъкид намуда, аз дигаргунсозиҳои демократӣ, дастовардҳои имрӯза, қонунҳои кишвар, стратегияи рушди минбаъдаи мамлакат ва иҷрои вазифаҳои ба миёнгузошташуда ҷиҳати роҳандозии сиёсати байни ҷавонон ва бахши маориф нақл кард. Қозидавлат Қоимдодов зикр намуд, ки ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус А.Лукашенко ба Тоҷикистон моҳи октябри соли равон марҳилаи нави муносибатҳои дуҷониба гардид. Дар ҷараёни мулоқот мақомоти роҳбарикунандаи Шӯрои донишҷӯён интихоб гардид, ки ба он намояндагони ҳар кадоме аз донишкадаҳои олӣ ворид шуданд. Хотирнишон месозем, ки ҳоло дар донишкадаҳои олии Беларус беш аз 50 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон таҳсил менамоянд.Дар ин бора дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ФР иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






