Кӣ обро лой карда моҳӣ гирифтан мехоҳад?
Субҳи 12 марти соли ҷорӣ гурӯҳи калони шаҳрвандони хориҷӣ зери роҳбарии Владимир Садовничий ва Алексей Руденко дар ду ҳавопаймои ҳарбӣ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври ғайриқонунӣ убур карда, барои фуруд омадан дар фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппа аз Хадамоти аэронавигатсионии Тоҷикистон иҷозат мепурсанд. Бинобар надоштани мувофиқат ва номаълум будани ҳавопаймоҳо ба онҳо иҷозати фуруд омадан дода намешавад. Он гоҳ В.Садовничий ва А.Руденко бардурӯғ бонги хатар эълон намуда дубора барои фуруд овардани ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппа иҷозат мепурсанд. Тибқи муқаррароти муайяншуда ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ Хадамоти аэронавигатсионии Тоҷикистон баъди шунидани бонги хатар ба ҳарду ҳавопаймо барои расонидани кӯмаки зарурӣ иҷозати фуруд омадан ба фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппаро медиҳад. Пас аз фуруд омадан маълум мешавад, ки Садовничий ва Руденко бардурӯғ бонги хатар эълон кардаанд ва ягон хатар на ба ҳавопаймо ва на ба худи гурӯҳи байналмилалии сарҳадшиканон иборат аз 8 нафар: 3 шаҳрванди Русия: В. Садовничий, Владимир Скуратов, Александр Козюлин, 2 шаҳрванди Украина: Сергей Лиознов ва Александр Горобченко, 1 шаҳрванди Белоруссия Михаил Сокович, як шаҳрванди Қазоқистон Андрея Гончаренко ва шаҳрванди Эстония А.Руденко таҳдид намекард. Гузашта аз ин ҳавопаймоҳои ҳарбии мазкур дар қайди феҳристи ҳавопаймоҳои ягон давлат набуда, барои парвоз кардан умуман ягон намуди иҷозат надошт. Ин ҳавопаймоҳои ҳарбӣ аз куҷо пайдо шуданд, ба кӣ тааллуқ доранд, чаро онҳо бо вуҷуди доштани имконияти комил дубора ба фурудгоҳи Кобул (тавре маълум мешавад, аз он ҷо низ онҳо ғайриқонунӣ ва беиҷозат парвоз кардаанд) барнагаштанд ва ё дар фурудгоҳи дигар кишварҳои наздик фуруд наомаданд?
Аз 12 март то 12 майи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ шахсияти ин 8 нафар сарҳадшикани давлатӣ мавриди тафтиш қарор гирифт (табиист, ки дар чунин маврид ба кишварҳое, ки онҳо зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, дархостҳо фиристонида мешаванд), ҳолатҳои вайрон кардани сарҳади давлатӣ таҳқиқ ва муайян шуданд, ҳамчунин маълум карда шуд, ки ҳавопаймоҳо ягон ҳуҷҷат надоранд, онҳо ғайриқонунӣ, бо рақамҳои бортии қалбакӣ муддати се сол дар кишвари Афғонистон фаъолият кардаанд ва ба ҳамин минвол дар асоси далелҳои кофӣ нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода ва худи онҳо ба ҳабс гирифта мешаванд. Дар рафти тафтишот муайян карда мешавад, ки ҳавопаймоҳо аз соли 2008 то моҳи феврали соли 2011 дар қайди ширкати “Ролкан-Инвестмен-ЛТД” будаанд. Ин ширкати хусусӣ дар ҷазираҳои Вирҷиняи Британияи Кабир номнавис шуда ба ягон давлат тааллуқ надорад.
Хадамоти аэронавигатсионии Афғонистон изҳорот пахш кард, ки аз рӯи он дар ҳақиқат ин ду ҳавопаймои ҳарбӣ беиҷозат ва ғайриқонунӣ аз фурудгоҳи Кобул парвоз карда, ба сӯи Тоҷикистон рафтаанд. Ба иттилои хадамоти мазкур, ҳафт нафар корманд ва хизматчии фурудгоҳи Кобул, ки барои гурехтани ҳавопаймои ҳарбии АН-72 мусоидат кардаанд, боздошт шуда мавриди пурсиш ва тафтиш қарор доранд.Мувофиқи маъумоти дастрасшуда ширкати “Ролкан-Инвестмен-ЛТД” пас аз он ки ба боварии қувваҳои эътилофии НАТО медарояд, ҳавопаймоҳоро аз қайди зарурӣ берун мекунад. Сипас экипахи ҳавопаймоҳо бо рақамҳои бортии қалбакӣ бо истифода аз ҳолати ҷанг дар кишвари Афғонистон ба фаъолияти ғайриқонунӣ мепардозанд. Кормандони хадамоти амниятии Афғонистон маълумот дастрас мекунанд, ки ҳар ду ҳавопаймо ва халабонҳои онҳо бо ҳаракати Толибон ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд ва ба интиқоли ғайриқонунӣ машғуланд. Дар навбати худ халабонҳо ба доираи таваҷҷӯҳи кормандони хадамоти махсуси Афғонистон афтиданашонро пай бурда, бо роҳи пора додан ва фиреб кардани кормандони Хадамоти аэронавигатсионии Афғонистон аз ин кишвар фирор мекунанд.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе саммити ҷашнии ИДМ баргузор гардид ва дар кори он Президенти Федератсияи Русия Д.Медведев иштирок кард. Пурсида мешавад, ки чаро ҳамон замон ин масъала, ки танҳо ҷанбаи ҳуқуқӣ дорад, аз тарафи Русия мавриди баррасӣ ва гуфтушунид қарор дода нашуд. Мувофиқи маълумоти васоити ахбори омма, Сафорати Федератсияи Русия дар Душанбе намояндаи ширкати “Ролкан”-ро, ки се рӯз дархости қабул кардааст, ба ҳузур намепазирад, балки чунин изҳорот медиҳад: “эта фирма непонятная, незарегистрированная, производила несогласованные операции. Посадка им была запрещена, а они все равно сели…”. Кормандони Сафорати ФР дар Душанбе, ҳамчунин дигар шахсони масъули ВКХ Федератсияи Русия далели боздошт шудани шаҳрвандони Русияро дар Тоҷикистон аз президент Д.Медведев пинҳон нигоҳ доштанд, вагарна ин масъала дар сафари кории Д.Медведев ба Тоҷикистон дар моҳи сентябр шояд мавриди гуфтушунид қарор мегирифт. Гузашта аз ин дар давоми тафтишоти пешакӣ ва рафти ҷаласаҳои судӣ ВКХ ФР ва Сафорати ФР дар Душанбе на хаттӣ ва на шифоҳӣ ягон маротиба аз тақдири шаҳрвандони худ пурсон нашуданд ва ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат накарданд. Ҳол он ки ба онҳо дар бораи боздошт шудани шаҳрвандони ФР бо ҷурми ғайриқонунӣ ба воситаи ҳавопаймои ҳарбӣ убур кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон сари вақт иттилои зарурӣ дода шуда буд. Дар баробари ҳамин вазири корҳои хориҷии Эстония ҷаноби Урмас Паэт аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба дархости Эстония дар бораи иштирок ва мусоидат кардан ба намояндагони ин кишвар барои ширкат дар мурофиаи судӣ ҷавоби саривақтӣ дода, ба тақдири шаҳрванди Эстония бетарафӣ зоҳир накардааст. Ҷаноби У.Паэт таклиф кард, ки Созишнома дар бораи иваз кардани маҳкумшудагон байни ду давлат ба имзо расонида шавад, ки ин таклифро ҷониби Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфт.
Ҳамчунин саволи дигар пайдо мешавад, ки чаро ҷониби Эстония, ки узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо мебошад, ба ҳукми суди шаҳри Қурғонтеппа, ки он нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Эстония А.Руденко низ татбиқ бояд шавад, ин қадар шӯру ғавғо набардошта, балки бо роҳи мусолиматомез ба ҳалли ин қазия мекӯшад ? Зеро ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноӣ ҳамаи меъёрҳои мурофиавӣ ва талаботи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон пурра риоя шуданд. Магар Эстония ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастӣ наметавонистанд мисли Русия ба ҷониби Тоҷикистон фишор биёранд? Аз ин ҷо бармеояд, ки дар ҳақиқат мақсади ҳизбҳои сиёсии Русия, ташкилотҳои ҷамъиятии он, васоити ахбори омма, намояндагони воломақоми ҳукумати расмии ин кишвари ба мо дӯст аз ин шӯру ғавғо лой кардани об ва гирифтани моҳӣ мебошад. Худи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуотӣ рӯзи 31 октябр дар Маскав изҳор карда буд: “Пока не удается сдвинуть это дело с мертвой точки, потому что компания и ее генеральный директор не могут предоставить документы, подтверждающие место регистрации самолета, сертификаты летной годности и оператора. Эта информация, которую компания не предоставила, важна для того, чтобы отвести обвинения, если они не обоснованы, в контрабанде и нарушении ряда других законов Таджикистана”…
Аз моҳи март то ба моҳи октябр дар муддати 8 моҳ ширкате, ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст, наметавонад ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунад. Пас муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки тамоми асноди заруриро барои кор ва зиндагӣ кардан дар Русия доштанд, Хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия бо чӣ гуноҳ онҳоро ғайриқонунӣ депортатсия кард? Ин саволест, ки ҷавоб мехоҳад.Алишер Идизода, коршиноси сиёсӣ