Кӯмак барои муҳоҷирони ба ватанбаргашта
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум менамояд, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва бо кор таъминсозии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, бахусус муҳоҷирони меҳнатие, ки бо сабабҳои гуногун аз кишварҳои хориҷӣ ба тариқи маъмурӣ хориҷ (депортатсия) шудаанд, дар тамоми мақомоти шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои фаъоли барномавӣ роҳандозӣ гардидаанд. Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе (дар суроғаи кӯчаи А.Навоӣ 5/6, бинои маъмурии Агентӣ), дар вилояти Суғд (дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, бинои Сарраёсати Агентӣ дар вилояти Суғд) ва дар вилояти Хатлон (дар суроғаи шаҳри Қурғонтеппа, кӯчаи Ф.Саидов 3-а., бинои Сарраёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон) марказҳои реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудаанд. Ин марказҳо ба тариқи фаврӣ ба муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта барои дарёфти ҷойи кор ва касбомӯзӣ хизматҳои равонию касбӣ ва машваратию ҳуқуқӣ мерасонанд.Инчунин бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кор барои шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ дар торнамои www.kor.tj Махзани Миллии маълумот доир ба ҷойҳои кории холӣ ташкил карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд аз он истифода намоянд.Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта бо муроҷиат ба мақомоти шуғли аҳолии ҷои зист метавонанд аз хизматҳои машваратии касбӣ, касбомӯзӣ, дарёфти ҷойи кор, иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок, пардохти қарзҳои хурди имтиёзнок барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ройгон истифода намоянд. Телефонҳо барои тамос:Дар шаҳри Душанбе: 221-01-48; 221-65-29Дар вилояти Суғд: 834-226-68-05Дар вилояти Хатлон: 832-222-76-20Дар ВМКБ: 835- 222-60-64Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






