Кӯмаки Ҷопон ба беморхонаҳои Ховалингу Панҷ
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 16 ноябри соли 2011 сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳиройуки Имаҳашӣ ва раиси ноҳияи Ховалинг Қодир Валиев, созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи беҳтарсозии шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудгоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг»-ро ба имзо расониданд. Кӯмаки бебозгашти ин лоиҳа бо маблағи умумии 111 ҳазору 788 доллари амрикоӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ мешавад.Бинои шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудгоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг аз мавриди таъсисёбӣ (соли 1986) то инҷониб рӯи таъмирро надидааст, бому девор ва фаршҳои он фарсуда шуда, таҷҳизоти тиббӣ ҳам намерасад.Тавассути лоиҳаи мазкур бому девор ва фаршҳои фарсудаи бинои шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудгоҳ таъмир мешаванд. Инчунин, чанд адад таҷҳизоти тиббӣ, мисли дастгоҳи ултрасадо, дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуш ва гастрофиброскоп дар ҳар ду шӯъбаҳо насб шуда, ба ҳамаи шӯъбаҳои беморхона сад адад кат ва ҷевончаҳо тақдим мешаванд. Дирӯз ҳамчунин Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Абдуҷон Таваккалов, раиси ноҳияи Панҷ созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи бозсозии шӯъбаи кӯдаконаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ”-ро ба имзо расониданд. Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ барои ин лоиҳа 111 ҳазору 855 доллари ИМА ҷудо намудааст.Аз сабаби фарсуда будани девору шифти бинои шӯъбаи касалиҳои кӯдаконаи сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ дар ҳолати барои хизматрасонии тиббӣ номувофиқ қарор дорад. Норасоии таҷҳизоти тиббӣ ва ҷевонҳои лозимӣ барои табобати касалиҳои сироятӣ дар коҳиши касалиҳои сироятӣ дар миёни кӯдакон дар беморхона мушкилӣ эҷод намудааст. Тавассути лоиҳа, шӯъбаи касалиҳои кӯдаконаи сироятӣ куллан барқарор шуда, чанд адад таҷҳизоти тиббӣ, мисли катҳои тиббӣ, хушккунандаи ҳароратӣ ва яхдон ба беморхона тақдим мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






