Кӯмаки Ҷопон ба Рӯшон
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло).-17 ноябри соли равон Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қобиламо Ғуломшоева, раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи барқарорсозии маркази ҷамъиятӣ дар ноҳияи Рушон»-ро ба имзо расониданд. Ҳукумати Ҷопон ин лоиҳаро дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба маблағи 111,974 доллари ИМА амалӣ менамояд.Маркази ҷамъиятӣ панҷоҳ сол муқаддам дар маркази ноҳияи Рушон сохта шуда, дар таъмини фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ ва инчунин касбомӯзӣ ба аҳолии маҳаллӣ вазифаи муҳимро иҷро менамояд. Бинои маркази мазкур дар айни ҳол аз сабаби фарсудашавӣ қариб аз фаъолият бозмондааст.Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур бинои маркази ҷамъиятӣ бо дару тиреза ва фарш таъмин шуда ва инчунин шабақаи барқи он барқарор карда мешавад. Маркази ҷамъиятии нав таъмиргашта метавонад барои зиёда аз 5 ҳазор аҳолии маҳаллӣ дастрас бошад ва ба ҷойи амну боҳаловат барои табодули ахбору ақида ва ташкили касбомӯзӣ, ки манбаи даромадро низ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ фароҳам меорад, табдил гардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






