Конфронси илмию амалӣ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Бо ибтикори Ассосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон ва мусоидати Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Фаъолияти системаи самарабахши идора ва густариши иштироки аҳли ҷамъият дар бахши электроэнергетикаи Тоҷикистон» баргузор гардид.Дар кори конфронс мушовири калони Президенти ҶТ Мансур Сайфуддинов, муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Акрам Сулаймонов, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ Амир Катаев, намояндаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Аҳад Маҳмудов, ҳамчунин намояндагони сохторҳои дигари давлатию ҷамъиятии соҳаи электроэнергетика иштирок доштанд. Дар ҷараёни конфронс якчанд гузориш дар мавзӯҳои «Зарурати таҷдиди бахши энергетикии ҶТ ва татбиқи он», «Такмили заминаи қонунгузории бахши энергетика» ва ғайра шунида, Нақшаи стратегии идораи самарабахши электроэнергетикаи ҶТ ва таъсири фаъолияти он манзури иштирокдорони конфронс гардид.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






