Конфронси минтақавӣ дар Душанбе
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия, ки ҳар сол 11 ноябр таҷлил мешавад, дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии ҳамоҳангсозони миллии Лоиҳаи мактабӣ оид ба истифодаи захираҳо ва энергия (ЛМИЗЭ) идома дорад. Дар ҷараёни конфронс масоили рушди минбаъдаи ЛМИЗЭ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолият дар солҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор мегиранд. Дар ин чорабинӣ ҳамоҳангсозони миллии лоиҳаи Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамоҳангсозони байналмиллалӣ аз Ҷамъияти ҳифзи табиати Норвегия ширкат доранд. 10 ноябр гурӯҳҳои махсус аз ҷумлаи муаллимон ва иштирокдорони конфронс дар Маркази такмили ихтисоси муаллимони Вазорати маорифи Тоҷикистон ва дар яке аз мактабҳои миёна ҷиҳати мубодилаи таҷриба дарсҳои кушод мегузаронанд. Дар ин бора ҳамоҳансози миллии Лоиҳаи мактабӣ оид ба истифодаи захираҳо ва энергияи Ташкилоти экологии «Замини кучак» Темур Идрисов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






