Консерти созҳои торӣ аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳон
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -10 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе консерти созҳои торӣ аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳон дар иҷрои донишомӯзони шӯъбаи тории Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ» баргузор мешавад. Дар ин консерт асарҳои мусиқии композиторони ҷаҳон Родион Шедрин, Сергей Прокофев, Сен-Санс, инчунин оҳангҳои халқии тоҷикӣ ва таснифҳои мусиқии Ҷӯрабой Охунов, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Одилҷон Назаров ва Ҷасур Холиқов садо медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори роҳбарияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди мусиқавӣ дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор шуданд, ки дар онҳо асарҳои композиторони маъруфи Тоҷикистон ва ҷаҳон пешкаши ҳаводорон гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






