Коркарди пӯсти ватанӣ афзуд
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Корхонаҳои коркарди пӯсти ватанӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 820,1 ҳазор тонна пӯсти чорвои калон ва хурдро коркард кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба зиёд мебошад. Дар соҳаи коркарди пашм корхонаҳо 327,3 тонна пашмро ба маблағи 1 млн. 431 ҳазору 50 сомонӣ коркард намудаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Афзоиши истифодаи иқтидори истеҳсолӣ дар корхонаҳои коркарди пӯст ва пашм баъд аз қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муваққатан манъ намудани содироти ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм)-и коркарднашуда аз ҶТ» имконпазир гардид. Бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти давлатӣ 2 корхонаи коркарди пӯсти чорвои калон ва хурди соҳибкор «Абдусатторов Ш» ва ҶДММ «Файзи Мастчоҳ» бо иқтидори умумии коркарди зиёда аз 450 ҳазор дона пӯст ва як корхонаи ҶММ «Ростои Суғд»-и коркарди пашми маҳаллӣ бо иқтидори коркарди 700 тонна пашм дар як сол ба фаъолият шурӯъ намуд ва ба ин васила тақрибан 100 ҷойи нави корӣ ташкил гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






