Локомотивҳои сохти Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда мешаванд

Ноябрь 3, 2011 11:02

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Назар ба хабари Агентии миллии содирот ва сармоягузориҳои «Имрӯзи Қазоқистон», локомотивҳои сохти ин кишвар ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Тавре дар хабари Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи тавлиди локомотивҳо» гуфта мешавад, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қарордодеро барои харид кардани 6 локомотиви сохти Қазоқистон бо ширкати номбурда имзо намудааст. 

Ноябрь 3, 2011 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш