Маҳсулоти саноатии Машҳад дар Душанбе

Ноябрь 9, 2011 16:08

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 31 ноябр то 4 декабри соли ҷорӣ дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналхалқии маҳсулоти саноатӣ ва зироатии музофоти Машҳади Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мешавад. Тавре ки атташеи тиҷоратии Сафорати Эрон дар Душанбе Аббос Баёнӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳамбастагии  таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ, ягонагии дину анъанаву одот сабаби тақвияту рушди ҳамкориҳои  ду кишвар гардидааст.Дар намоишгоҳ, ки бо ташаббус ва дастгирии палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон доир мешавад, қариб 40 ширкат аз шаҳри Машҳад маҳсулоти хешро манзур менамоянд.Дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати сабук, бофандагӣ, ғизоӣ, кишоварзӣ, саноати қолинбофӣ, масолеҳи сохтмонӣ, тиббӣ,  беҳдоштӣ, зарфҳо ва маснуоти ороишӣ  ба маъраз гузошта хоҳад шуд.

Ноябрь 9, 2011 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад