Маҳсулоти соҳаи саноату кишоварзӣ намоиш дода мешавад

Ноябрь 29, 2011 11:27

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 30 ноябр то 3 декабр дар пойтахти кишвар маҳсулоти соҳаи саноату кишоварзии музофоти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маърази намоиш гузошта мешавад. Тавре дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ беш аз 30 ширкати машғул ба тавлиди маҳсулоти саноатию кишоварзии Эрон иштирок менамоянд. Ҳоло дар Тоҷикистон қариб 150 корхона бо истифода аз сармояи Эрон фаъолият дорад. Намоишгоҳро Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон созмон додаанд. Мувофиқи маълумоти расмии омор, дар ҳоли ҳозир муомилоти моли байни ҳар ду кишвар ба 250 миллион доллар расидааст.

Ноябрь 29, 2011 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад