Маҷлиси гурӯҳи корӣ
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Охири ҳафтаи гузашта дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи якуми гурӯҳи корӣ оид ба тадбиқи ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси гурӯҳи корӣ — муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Норинов натиҷаи маҷлиси якуми гурӯҳи кориро ҷамъбаст намуда, аз аҳамияти татбиқи ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон нақл намуда ва аъзои гурӯҳи кориро даъват кард, ки ҳамаи чорабиниҳои пешбинишударо сари вақт ва хушсифат иҷро намоянд. Ба гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомиланд. Ҳамчунин, ҷалби намояндагони бахши инфиродӣ ва ширкатҳои истихроҷкунандаи маъдан ба гурӯҳи корӣ дар назар аст.Дар ҷараёни маҷлис тасмим гирифта шуд, ки барои гузаронидани тренинг байни аъзои гурӯҳи корӣ ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дигар бобати татбиқи ин ташаббус намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ барои иштирок дар кори гурӯҳ даъват карда шаванд. Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва Сарраёсати геологии мамлакат ба масъалаи ҷалби намояндагони ширкатҳо ба гурӯҳи корӣ машғул мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






