Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мехрубон Сатторова).- Дирӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ гузориши матбуотӣ оид ба сомонаи «Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ» доир шуд. Дар он вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов гуфт, ки мутобиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамкорӣ бо Созмони байналхалқии муҳоҷират сомонаи «Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ» — ро дар шабакаи Интернет бо нишони www.kor.tj таъсис ва роҳандозӣ намуд.«Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ» барои дастрасии маълумот ба шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта мусоидат менамояд.Дар ин сомона алҳол зиёда аз 8 ҳазор ҷойҳои кории холӣ дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он ҷойгир шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд барои дарёфти кори муносиб аз он истифода намоянд.Ҳамзамон мизоҷон метавонанд аз ин сомона маълумотро оид ба дигар хизматрасониҳои мақомоти давлатии шуғли ахолӣ дастрас намуда, аз тозатарин навигарихо дар бораи вазъи бозори меҳнат бархурдор ва худ бевосита дар фаъолияти ин сомона саҳмгузор бошанд.Мавриди амал карор доднаи ин сомона қадами нахустин дар беҳдошти сатху сифати хизматрасонӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба шаҳрвандони бекор, корҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармоён буда, он дар таҳким ва рушди фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






