Манбаи тайёркунии кадрҳои металлургӣ
Турсунзода, 16 ноябр.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Соли ҷорӣ аз таъсиси литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода 35 сол сипарӣ мегардад. Ин муассисаи таълимӣ дар таъмини Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» бо мутахассисони варзида ҳиссаи арзанда дорад. То имрӯз литсейро зиёда аз 10 ҳазор нафар хонанда аз рӯи 22 ихтисос хатм намудаанд. Алҳол дар литсейи мазкур зиёда аз 440 нафар донишомӯз аз рӯи 10 ихтисос касб меомӯзанд. Ғайр аз ин курсҳои кӯтоҳмуддати семоҳа аз рӯи ихтисосҳои «кафшергари барқӣ», «монтёри барқӣ», «идоракунандаи кранҳои истеҳсолоти металлургӣ», «оператори компютерӣ», «ронандаи силсилаи С » фаъолият менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






