Маъракаи хайрия барои кӯдакони имконияташон маҳдуд
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).- Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон — 3 декабр Институти «Ҷомеаи Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамшарикии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ширкати алоқаи мобилии Tcell, Ассосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд, Созмони Ҷамъиятии «Киштӣ» дар Театри русии драмавии ба номи Маяковский маъракаи хайрияро оид ба дастгирии кӯдакони имкониятошон маҳдуд бо унвони «Мо гуногун, вале баробарем» баргузор мекунад. Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур барномаи идона ва маъракаи хайрия барои 200 нафар кӯдаки аз 3 то 15- солаи муассиссаҳои томактабии шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Дар чорабинӣ волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ширкат мекунанд. Дар маъракаи мазкур бештар ба он таваҷҷӯҳ карда мешавад, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд низ амалан иштирок намоянд ва бо ин ширкати онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ тавсеа бахшанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






