«МегаФон» мусобиқоти «Водии заррин»-ро дастгирӣ намуд
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқоти панҷуми ҷумҳуриявӣ аз рӯи гуштини тарзи дзюдо байни ҷавонон таҳти унвони «Водии заррин» анҷом ёфт. Ин мусобиқа ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» иттилоъ доданд, дар ин мусобиқа 120 нафар варзишгарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуда, аз рӯи 8 намуди вазн қувваозмоӣ карданд. Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Талбакшоҳ Мираков зимни суханрониаш дар маросими оғози мусобиқа гуфт, ки «чунин мусобиқот пеш аз иштироки варзишгарон дар чорабиниҳои миқёси ҷаҳонӣ аз қабили олимпиада майдони хуби тамринӣ маҳсуб мешаванд». Тавре роҳбари раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Парвиз Давлатов иброз дошт, ширкати мазкур мусобиқоти гуногуни варзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Гуштини тарзи дзюдо яке аз навъҳои машҳуртарини варзиш дар кишвар ба шумор меравад, бинобар ин басо муҳим аст, ки варзишгарони Тоҷикистон дар ин намуди варзиш ба натиҷаҳои назаррас ноил шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






