Мизи мудаввар дар Академияи маорифи Тоҷикистон
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – «Маърифати академӣ- омили рушди интернатсионализатсияи маориф»- чунин буд мавзӯи суханронии иштирокдорони мизи мудаввар, ки 17 ноябр дар Академияи маорифи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори мизи мудаввар муаллимон-олимони намоёни ҷумҳурӣ, академикҳо Убайд Зубайдов, Ирина Каримова, аъзои вобастаи академияи маорифи Тоҷикистон Саидбой Шербоев, Қодир Қодиров, Саидамир Аминов ва дигарон ширкат доштанд.Академик Файзулло Шарифзода зимни суханрониаш зикр намуд, ки «имрӯз ба масоили маърифати академии донишҷӯён, муаллимон ва маъмурияти донишкадаҳои олӣ таваҷҷӯҳи хосса дода мешавад.Донишҷӯён дар донишкадаҳои олии хориҷӣ забони хориҷӣ ва фанҳои дигари алоҳидаро омӯхта, курсҳои пурраи солонаро хатм мекунанд, бинобар ин баъди аз хориҷа ба донишкадаи худ баргаштанашон бояд ин муддати таҳсилашон дар хориҷа ба назари эътибор гирифта шавад». Дар ин бора аз Академияи маорифи Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






