Муҳоҷирони дохилӣ дастгирӣ меёбанд
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ягона мушкилоте, ки ҳалли он вуҷуд дорад, муҳоҷирати дохилист. Ҳукумати шаҳри Роғун барои оилаҳои минтақаи зериобшаванда ҳама шароитро фароҳам сохтааст. Натиҷаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа нишон дод, ки аз ҳисоби буати маҳаллӣ, ки 10 млн. 708,8 ҳазор сомониро ташкил намуд, як қисми муҳоҷирони дохилиро бо маблағ ва кӯмакпулиҳои яквақта таъмин намудан имкон дорад,-иброз дошт раиси шаҳри Роғун Исматулло Зайдов ба мухбири АМИТ «Ховар».Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, шумораи муҳоҷирон аз минтақаи зериобшаванда 438 хоҷагиро ташкил медиҳад, ки аллакай 175 оила ба шаҳри Турсунзода кӯчонида шуда, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд. Аз ҳисоби кӯмакпулиҳо зиёда аз 30 оила соҳиби хонаҳои хуштарҳи замонавӣ гардиданд. Барои 67 оила, ки мақоми муҳоҷири дохилиро гирифтаанд, дар мавзеи Чормағзаки шаҳри Роғун ҷой барои сохтмони манзил ҷудо карда шудааст. Дар навбати дуюм боз 196 оила ба он ҷо кӯчонида мешавад. Мардум зарурати муҳоҷирати дохилиро хуб дарк намуда, барои иваз намудани ҷойи зист омодаанд. Муҳоҷирони дохилиро тамоми идораҳои марбута ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






