Муҳокимаи дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 16 ноябри соли 2011 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Аламгир Бабар доир гардид.Зимни сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифт. А. Бабар иброз дошт, ки ҳарду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд имкониятҳои ниҳоят фаровон доранд ва бояд дар оянда тамоми кӯшиш ба ин самт равона гардад. Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо дар мавзӯи ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, тақвияти ҳамкориҳои миёни сохторҳои қудратӣ, ташкили хати парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод табодули назар карданд. Ҷонибҳо инчунин фаъол сохтани Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва дар охири соли 2012 дар Исломобод созмон додани ҷаласаи кории онро мувофиқи мақсад донистанд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






