Муҳокимаи вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – 24 ноябр директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров бо ҳайати Фаронса бо сарварии Атташе оид ба масоили ҳифзи ҳуқуқи Фаронса дар Осиёи Марказӣ Пеер Пушэрэ ва ҳамсафарони ӯ мулоқот намуд. Дар чараёни мулоқот директори Агентӣ ҳайати Фаронсаро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуда, ҳамчунин аз тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати назорати маводи нашъаовар, ташкили ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои дигар нақл кард. Хотирнишон месозем, ки коршиносони гурӯҳи муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари шаҳри Парижи Фаронса барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар семинар доир намуда буданд. Дар ҷараёни семинар 20 нафар кормандони Агентӣ усулҳои роҳандозӣ намудани тадбирҳои тактикӣ дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро омӯхтанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






