Муаррифии рисолаи академик Ф. Шарифзода
Душанбе, 3 ноябр. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз, 3 ноябр, дар Академияи маорифи ҶТ маросими муаррифии рисолаи академик Файзулло Шарифзода «Педагогикаи ҳамгироӣ» баргузор мешавад. Ин асари олим масоили таълиму тадрис ва ҳамгироиро чун яке аз проблемаҳои басо муҳими педагогика инъикос медиҳад. «Муаллиф назария ва амалияи ҳамгироии педагогиро ҳанӯз дар охири қарни XX таҳқиқ намуда буд, ки он имрӯз ҳам дар мактаби ибтидоӣ мавриди истифода қарор дорад. Ин проблема ҷиҳатҳои бисёрҷониба дошта ва таҳқиқи муффассали он дар макотиби миёнаи таҳсилоти умумӣ ва олӣ интизори муҳақиқони худ аст», — гуфт президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова.Дар ин асар самтҳои асосии педагогикаи ҳамгироӣ, аз қабили назарияи мазмуни таҳсилот ва шаклу усули таълим (дидактика)-и миллӣ таҳқиқ мешаванд. Китоб барои олимон, муҳаққиқони бахши маориф, аспирантҳо, докторантҳо, донишҷӯёни донишкадаҳои омӯзгорӣ ва муаллимони мактабҳо пешбинӣ шудааст.Қобили зикр аст, ки академик Файзулло Шарифзода муаллифи беш аз 200 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 8 рисола ва 6 китоби дарсӣ барои мактаби ибтидоӣ ва донишкадаҳои олӣ буда, бо роҳбарии ӯ беш аз 30 нафар аспиранту докторантҳо рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






