Мулоқот бо ҳамватанон дар Молдова
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).- Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод аз Ҷумҳурии Молдова баргашт. Вай дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологияи давлатҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Кишинёв баргузор гардид, иштирок намуд. Мавсуф пас аз анҷоми ҷаласа бо гурӯҳи ҳамватанонамон вохӯрӣ анҷом дод. Дар ҷумҳурии Молдова тибқи маълумот 12 нафар ҳамватани мо кору зиндагӣ намуда, ҳамагӣ шаҳрвандии Молдоваро гирифтаанд. Ҳамватанони мо сокинони шаҳрҳои мухталиф ва соҳибони касбу кори гуногунанд: Раҳимҷон Сафаров (нафақахӯр), Субҳон Ходшоев (мухбири суратгир), Толибҷон Кенҷаев (соҳибкор), Сафарбек Раҷабов (нафақахӯр) ва Парвиз Сайдалиев (сохтмончӣ).Зимни мулоқот ҳамватанон аз он изҳори миннатдорӣ карданд, ки мақомоти олии кишвар ба онҳо, ки бо амри тақдир дур аз ватан кору зиндагӣ доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






