Мулоқот дар «Маркази Орхус»
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров ). – 22 ноябр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Талбак Салимов бо мутахассисони «Маркази Орхус» ва намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ баргузор шуд.Зимни мулоқот масоили иштирок, дастовардҳо ва проблемаю нақшаҳои ташкилотҳои ғайриҳукуматии экологӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати экологии кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин нақшаҳои ташкили Маркази миллии оид ба татбиқи Конвенсияи Орхус дар Тоҷикистон тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мухталиф бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






