Мулоқот дар Маскав

Ноябрь 21, 2011 14:34

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 22 ноябр дар шаҳри Маскав мулоқоти дуюми мансабдорони баландпояи Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид (ИДМ), Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё (АвруОсиё), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад. Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроия — муншии иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, Дабири кулли АвруОсиё Тоҳир Мансуров, Дабири кулли СААД Николай Бордюжа, Дабири кулли СҲШ Муродбек Имоналиев иштирок менамоянд.Иштирокдорони мулоқот дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти созмонҳояшон табодули ахбор намуда, перомуни масоили муҳими сиёсати байналмилалӣ изҳори ақида мекунанд.Ба мулоқот раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ, директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия Константин Ромодановский даъват шудааст. Аз рӯи натиҷаи мулоқот Баёнияи муштарак имзо мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд.

Ноябрь 21, 2011 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш