Мулоқоти Қ. Қосимов бо М.Синасёр

Ноябрь 11, 2011 15:20

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Косимов бо ҳамоҳангсози нави Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Осиёи Марказӣ Мустафо Синасёр мулоқот намуд.
 
Тавре ки аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯри Мустафо Синасёр изҳор намуд, ки минбаъд ҳамкориҳо миёни ин муассисаи СММ ва Вазорати кишоварзии ҶТ рушд ва тавсеа меёбанд. Шаҳодати ин гуфта ифтитоҳи намояндагии доимии СОК (ФАО) дар Тоҷикистон мебошад. Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳои кишоварзӣ, афзоиши  тамоюлҳо дар  ҳифзи ҳамҷояи боғҳо аз маризӣ ва ҳашароти зараррасон, омодасозии кадрҳои беҳдоштӣ ва маводи таълимии байторӣ бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ, дастгирӣ дар коркард ва ҷорисозии технологияи ҳифзи захираи маҳсулот низ  мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ноябрь 11, 2011 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд