Мулоқоти А. Холиқов бо масъули Вазорати корҳои хориҷии Олмон
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Масоили раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва баён зимни мулоқоти раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов бо сардори шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Олмон хонум Кристине Вайл баррасӣ гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳамкории иттиҳодияҳои динӣ бо мақомоти давлатӣ ва гайридавлатии Тоҷикистон, аз ҷумла UNFPA, ташкили курсҳои бозомӯзии имомхатибон ва мутахассисони соҳаи дин ва диншиносӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.Ҳамчунин дар ин мулоқот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар», фаъолияти донишкада, гимназия ва мадрасаҳои исломӣ дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи мусоҳибон қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон 1 донишкада бо теъдоди зиёда аз 1800 нафар донишҷӯ, як гимназияи дорои 600 хонанда ва 19 мадрасаи исломӣ фаъолият мекунад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






