Мулоқоти Д. Саидов бо сафири Кореяи Ҷанубӣ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -23 ноябр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ён Ҷеонг-Ку мулоқот намуд.Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои иштироки ҳайати Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалии оид ба самаранокии кӯмаки беруна, ки дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ рӯзҳои 27-28 ноябри соли 2011 баргузор хоҳад шуд, инчунин масъалаи ҷалби сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.Д. Саидов қайд кард, ки ҳукумати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати дар сатҳу сифати баланд баргузор намудани Анҷумани мазкур чораҳои маҷмӯии мушаххасро андешидааст ва даъвати ҷониби Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати иштирок дар ин Анҷуман пазируфта шуда, ҳайати ҳукуматиро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳирии Тоҷикистон роҳбарӣ хоҳад кард.Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагӣ барои иштирок дар Анҷумани мазкур, Тоҷикистон мониторинги нишондиҳандаҳои деклоратсияи Парижро анҷом дода, дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дар Париж ҳисоботи кишварии дахлдорро таҳия намудааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






