Мулоқоти Гул Шералӣ бо мансабдорони Туркия
Анқара, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Чанде пеш дар шаҳри Истамбули Туркия мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбари ширкати «Кока – Кола Компани» — и Туркия Отилла Демир Ерликая баргузор гардид. Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот ҷониби Туркияро бо вазъи сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои қонунгузории Тоҷикистон, ҳамчунин дурнамои лоиҳаҳои сармоягузорӣ муаррифӣ намуд. Дар анҷоми мулоқот Отилла Демир Ерилкая зикр намуд, ки роҳбарияти ширкат дар яке аз корхонаҳои Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ карданист. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






