Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо Викентий

Ноябрь 8, 2011 10:01

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сардори ҳавзаи митрополити Осиёи Миёна, узви доимии Синоди муаззами калисои масеҳии русӣ, роҳбари епархияи душанбегию тоҷикистонӣ Викентий, ки  5 ноябр ба вилояти Суғд ташриф оварда буд,  мулоқот намуд.Раиси вилоят зимни мулоқот ба меҳмон перомуни  вазъи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоят, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ маълумот дода, аз ҷумла фаъолияти хуби намояндагии калисои масеҳии  русиро дар вилоят  нек ва пурсамар арзёбӣ намуд.Роҳбари епархия  ва митрополит Викентий   зикр намуд, ки калисои масеҳии русӣ дар вилоят беш аз 140 сол боз фаъолият намуда, дар таҳкими муносибатҳои ахлоқию маънавии ҷомеа, дӯстиву рафоқати мардуми ин сарзамини бостонӣ саҳми амиқ мегузорад.  Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки роҳбари епархия  ва митрополит Викентий ҳини сафари кориаш ба вилоят ҳамчунин аз калисоҳои масеҳии русии шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкалов боздид намуда, бо таклифи раиси вилоят дар чорабинии идонаи вилоятӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Ноябрь 8, 2011 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад