Мулоқоти Талбак Салимов бо Дзанг Тсионсин
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Талбак Салимов бо ноиби президенти Бонки Давлатии Рушди ҶМЧ Дзанг Тсионсин ва намояндагони дигари бонки мазкур мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, таҳлили масъалаҳои муҳими марбут ба экология ва муҳити зист, ҳамчунин тарҳрезии лоиҳаҳои экологӣ ва беҳдошти муҳити зисти Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Бонки Давлатии Рушди ҶМЧ барномаи калони фаъолияти кормандони худро иборат аз 27 нафар тартиб додаст, ки мақсади онҳо таҳлили бозор, иқтисодиёт, муносибатҳои мутақобилаи миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, рушди иқтисодиёти байнидавлатӣ мебошад. Барнома иборат аз 5 боб, яъне иқтисодиёт, кишоварзӣ, минтақаи озоди иқтисодӣ ва истихроҷи ангишт аст. Ҳамаи ин лоиҳаю барномаҳо, аз ҷумла истихроҷи ангишт ва иқтисодиёт, ба соҳаи экология дахл доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






