Мушкилиҳои бавуҷудомадаро бояд тариқи музокирот ҳал намуд

Ноябрь 21, 2011 11:01

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 18 ноябри соли 2011 бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар ҶТ Юрий Попов баргузор гардид.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи баамаломадаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳудуди Русия баррасӣ гардиданд.Дар рафти сӯҳбат Маҳмудҷон Собиров изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз шахсони расмии воломақом ва воситаҳои ахбори оммаи Русия ҳангоми шарҳ додани қазияи шаҳрванди маҳкумшудаи Русия нисбат ба Тоҷикистон, миллати тоҷик ва роҳбарияти давлат хеле манфӣ ҳарф мезананд. «Ин гуна шарҳҳо, инчунин инъикоси якҷониба ва боғаразонаи ВАО-и расмӣ ва мустақили Русия оид ба вазъи зикргардида ба рӯҳи шарикии стратегӣ ва муносибати хубу дӯстонае, ки миёни Тоҷикистон ва Русия барқарор шудааст, ҷавобгӯ шуда наметавонад» — тазаккур дод М. Собиров.Дипломати тоҷик барои тобиши сиёсӣ додан ба қазияи мазкур, ки сирфан ҷанбаи ҳуқуқӣ дорад, ибрози таассуф кард. Ӯ илова намуд, ки ҳангоми баррасии чунин масъалаҳо ба робитаҳои зичи таърихии миёни ду кишвар такя карда, бояд мушкилиҳои бавуҷудомадаро аз тариқи музокирот дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва созандагӣ дар чаҳорчӯби қонунгузории миллии ҳарду давлат ҳал намуд.Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки амалҳои сохторҳои дахлдори Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ ба сатҳи муносибатҳои дуҷониба зарар расонданд ва амалҳои зараровари онҳо то ҳол идома дорад. Дар натиҷаи чунин амалҳои носавоби онҳо ҳодисаҳои муносибати ғайриқонунӣ бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд, бахусус дар шаҳри Москва, вилоятҳои Маскав ва Ленинград зиёд шуданд.М. Собиров таъкид намуд, ки изҳороти навбатии роҳбари «Роспотребнадзор» — Г. Онишенко оид ба ҳодисаҳои гӯё “фарогири” ошкор кардани беморони ВИЧ ва сил миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тааҷҷубовар аст, дар ҳоле, ки омори расмӣ дар бораи ин масъала бозгӯи дигар далелҳо мебошад.М.Собиров вобаста ба мурофиаи суди минбаъда нисбат ба парвандаи шаҳрванди Русия махсус қайд сохт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо дар чаҳорчӯби қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналхалқии ҶТ баррасӣ менамоянд ва дар рӯзҳои наздик қарори муносиб қабул хоҳад шуд.Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки новобаста ба воқеаҳои рухдода дар атрофи ин қазия, Федератсияи Русия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва қайд намуд, ки масъалаҳои ҳамсоне, ки миёни ду кишвар ба вуҷуд меоянд, бояд танҳо бо василаҳои дипломатӣ ҳалли худро ёбанд.Сафири Русия ба ҳалли ҳарчи зудтари мушкили ҷойдошта ибрози умед карда, дар навбати худ ба М. Собиров итминон дод, ки тамоми нигаронии ҷониби Тоҷикистонро оид ба вазъи бавуҷудомада ба роҳбарияти кишвари худ мерасонад.

Ноябрь 21, 2011 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад