Нақшаии шудгор ва кишти тирамоҳӣ иҷро нашуд

Ноябрь 25, 2011 10:10

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маълумоти фаврии Рёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ маълум шуд, ки нақшаи шудгор ва кишти тирамоҳии ғалла иҷро нагардида ва заминаи ҳосили — соли 2012 ба таври зарурӣ гузошта нашудааст. Ба иттилои манбаъ, шудгори тирамоҳӣ дар ВМКБ ба андозаи 43,1 фоиз, дар вилояти калонтарини ҷумҳурӣ — Хатлон ҳамагӣ 15,5 фоиз, дар вилояти Суғд – 14,4 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳама камтар — 8 фоиз иҷро гардидааст. Ба гуфти мутахассисони вазорат, вазъи кишти тирамоҳӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 беҳтар аст. Дар ВМКБ дар майдони 477 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки он баробари 51,2 фоизи дурнамои кишти тирамоҳии ғалларо ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон то 20 – уми ноябр аз майдони 116 ҳазору 567 гектар дар масоҳати 27 ҳазору 508 гектар ё баробари 21 фоизи нақша кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Кишти тирамоҳӣ дар вилояти Суғд нисбатан беҳтар бошад ҳам, аммо нақшаи пешбинишуда иҷро нагардидааст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кишти тирамоҳӣ ҳамагӣ 11,7 фоиз иҷро шудааст ва чунонки аз маълумоти раёсати мазкур бар меояд, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ дар ягон минтақаи ҷумҳурӣ иҷро нагардидааст.

Ноябрь 25, 2011 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад