Нақши фаъоли Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 28 ноябри соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Петер Микула мулоқот намуд. Ҳ. Зарифӣ аз вазъи муносибот миёни Тоҷикистон ва Швейтсария изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши фаъоли Дафтари мазкурро дар амалигардонии барномаҳои кӯмак ва рушд дар Тоҷикистон қайд сохт.Дар навбати худ, П. Микула доир ба таҳияи Стратегияи нав барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2012-2015, ки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад, иттилоъ дод. Стратегияи мазкур бештар ба татбиқи бахшҳои обтаъминкунонӣ, тандурустӣ, рушди бахши хусусӣ, волоияти қонун ва мудирияти захираҳои обӣ дар сатҳи минтақавӣ равона хоҳад шуд. Ҳамчунин, бархе аз барномаҳои бахши энергетика идома хоҳанд ёфт. Дар ин робита, Мудири Дафтари Швейтсария аз дипломати тоҷик хоҳиш намуд, то роҷеъ ба самтҳои пешниҳодшудаи стратегияи номбурда изҳори назар кунад.Ҳ. Зарифӣ дар маҷмӯъ бахшҳои зикргардидаи Стратегияро ҷонибдорӣ намуда, баамалбарории онро муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон, тибқи ақидаи Вазир, бо дарназардошти теъдоди зиёди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки агар Дафтари мазкур дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва Хадамоти муҳоҷирати кишвар барномаи забонӣ ва таълимиро ҷиҳати бозомӯзии ҷавонони тоҷик таҳия намояд. П. Микула пешниҳоди Вазири корҳои хориҷиро ҷонибдорӣ карда, итминон дод, ки пешниҳод баҳри амалисозии он баррасӣ хоҳад шуд.Тибқи дархости П. Микула, Вазир назари хешро оид ба масъалаи ихтисоршавии нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон дар соли 2014, густариши минбаъдаи вазъ дар ин кишвар ва таъсири он ба минтақа баён кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






