Намоишгоҳ дар Хонаи рассомон
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). –Дар хонаи рассомон бахшида ба Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия намоишгоҳи расму суратҳои рассомон ва суратгирон ифтитоҳ шуд. Мувофиқи суханони раиси Иттифоқи рассомони суратгири Тоҷикистон, директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Олами акоссӣ» Геннадий Ратушенко, номбурда дар ин намоишгоҳ маҳсули эҷодиёташ бахшида ба сарфаи энергияро ба маърази намоиш гузоштааст.Ба гуфти Геннадий Ратушенко, масоили сарфаи энергия бояд таваҷҷӯҳи ҳар шахсро ба худ ҷалб намояд, зеро аксарияти мардум захираҳои энергияро истифода намуда вале баъзан сарфаи онро аз хотир мебароранд. Бинобар ин, мақсад аз ифтитоҳи намоишгоҳ ташвиқи сарфаи энергия ва истифодаи самарабахши он мебошад. Бояд гуфт, ки дар мактабҳои пойтахт бахшида ба Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия чорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд, ки дар онҳо муаллимону шогирдон иштирок менамоянд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






