Намоишгоҳи наққошии Матлуба Яҳёева дар Русия

Ноябрь 22, 2011 11:57

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 21-уми ноябр дар толори Хонаи Миллатҳои шаҳри Санк-Петербург намоиши асарҳои рассоми тоҷик Матлуба Яҳёева ифтитоҳ шуд. Намоиши наққошиҳои ин рассом бо кӯшиши созмони «Ҷавонони донишҷӯи тоҷик дар Санк Петербург» (МОСТ) баргузор шуда истодааст.Фаррух Сатторов, масъули ин созмон ва олими ҷавони тоҷик гуфт: «Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ пеш аз ҳама муаррифии эҷодиёти як рассоми мӯътабари тоҷики муқими ин шаҳр ба донишчӯён ва ҷамъияти тоҷикони муқими Русия аст».Нависандаи маъруфи тоҷик дар Русия Темур Зулфиқоров, ки бо осори Матлуба хуб ошноӣ дорад, дар бораи ӯ чунин мегӯяд: “ Матлуба Яҳёева, бешак рассоми тоҷик аст. Иван Бунин дар Фаронса зиндагӣ мекард, вале барои ҳамеша ҳамчун як нависандаи рус боқӣ монд… Матлуба содданависи музофотӣ нест … Ҳунари вай сатҳи ҷаҳонӣ дорад, ба як мазмун вай тамсилнависии русиро бо минётури форсӣ ва ҳунари рассомони мардумии тоҷик ба ҳам омехтааст… Чунин аст гулдастаи расмҳои ӯ…”Матлуба Яҳёева дар тӯли эҷодиёти 40-солаи худ 120 нигораи наққошӣ офаридааст. Ӯ орзуи хешро пинҳон надошт:: «Эҷодиёти ман тамоми умр ба Тоҷикистон ва зиндагии мардуми Тоҷикистон вобаста буду ҳаст. Ман орзу дорам, ки наққошиҳоям дар осорхонае дар Тоҷикистон ҷо гиранд, зеро ман тоҷикам ва он чӣ эҷод кардаам, моли Тоҷикистон аст».Намоишгоҳ аз 21-уми ноябр то 5-уми декабри соли ҷорӣ ба рӯйи дӯстдорони ҳунари наққошӣ боз хоҳад буд.

Ноябрь 22, 2011 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд